Дар факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси маҷозӣ бо иштироки омӯзгорони факултети мазкур доир гардид.
Дар дарси маҷозӣ (онлайнӣ) – и донишгоҳҳои кишвар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи Бобочон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ иштирок намуданд.
Дар дарс декани факултет н.и.ф., Шарифзода Б., н.и.ф. Олматова Ш., н.и.п. Каршиева Г., н.и.ф. Муродов А. ва дигар омӯзгорон дар дарси маҷозӣ – (онлайнӣ) иштирок доштанд.
Дарсро омӯзгор Анастасия Кей дар мавзуи “Managing time, tasks and energy” гузаронид.
Гуфта шуд, ки чунин дарсҳо дар донишгоҳ ва миёни дигар донишгоҳҳои кишвар мунтазам гузаронида мешавад.
Дар охир ширкаткунандагони дарси онлайнӣ дар мавзуъҳои гуногуни раванди таълим табодули андеша анҷом намуданд.