Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои Муассисаи таълимии томактабӣ бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз 2 ошёна ва 8 ҳуҷраи таълимӣ барои кудакон иборат мебошад. Ҳамзамон дар бинои асосии Муассисаи томактабӣ ҳуҷраҳои фарҳангӣ, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, ошхона ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Масоҳати умумии иншооти таълимӣ 4500 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати дигари муассиса майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ сохта шудааст.
Саҳни бинно пура сафолакпуш гардида, гирду атрофи он бо гулу дарахтони сояафкан оро ёфтааст.