7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази ташхисию табобатии “Авитсена” дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расулҷон Ашуров бунёд шуда, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам оварда шудааст.