Баъди Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва соҳиби касбу ҳунар гардидани сокинони кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт даҳҳо муассисаву марказҳои илму ҳанаромӯзӣ таъсис ёфтаанд, ки онҳо фаъолияти босамар доранд. Таъсиси маркази ҳунаромӯзии калонсолони назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ноҳияи Хуросон аз ҷумлаи чунин муассисаҳои таълимиву касбомӯзӣ мебошад, ки дар соҳибкасб гардидани сокинони вилояти Хатлон нақши калон дорад.
Декани факултети филологияи тоҷик Ҳакимов Саъдулло бо мақсади шиносоӣ бо раванди кори таълиму тарбия ба Муассисаи таълимии калонсолони назди донишгоҳ дар ноҳияи Хуросон сафарбар гардиданд. Мавсуф ба синфхонаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзиши касбу ҳунарҳо ва озмоишгоҳҳои маркази ҳунаромӯзӣ даромада, бо масъулин, устодону мутахассисон, аз ҷумла директори марказ Абдуллоев Фирдавс, Боев Сафарбек посбон, Бутаев Камолиддин устои кафшергарӣ, Боев Ёралӣ мудири хоҷагӣ, Тағоймуродов Нурулло муҳосиб мулоқоти судманд гузаронида шуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки базаи моддию техникии Маркази касбомӯзии ноҳияи Хуросон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Ба кори таълиму тарбия ва ҳунаромӯзии донишҷӯёну муҳасилин мутахассисони варзида, устоҳои ботаҷриба ҷалб гаштаанд. Хатмкунандагони маркази мазкур имрӯз дар истеҳсолот ба фаъолияти меҳнатӣ машғул гардида, дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоӣ саҳми муносиб доранд.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки пайваста Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар таъкид менамоянд, ин самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замини корам мебошад. Дар асоси дастуру супоришҳои сарвари давлат масъулини Марказ ҷиҳати оқилона истифода намудани заминҳои назди муассисавӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар онҳо маҳсулоти гуногуни полезӣ парвариш намудаанд, ки аз он устодону кормандон истифода мебаранд.
Хуб мешавад, ки дар доираи нақшаҳои таълимӣ ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ, бахусус омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои техникӣ ва технологӣ, физика ва информатика дидан намуда, аз онҳо самаранок истифода намоянд.
Декани факултети филологияи тоҷик,
Ҳакимов Саъдулло