Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказӣ аз ду ошёна ибора буда, бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шудааст ва дар маҷмуъ дорои 60 кат мебошад. Дар ин шуъба 136 нафар, аз ҷумла акушер-гинеколог, табиби навзодон, эҳёгар, амрози занона, момодоя, ҳамшираи тиббӣ ва кормандони хурди тиббӣ, фаъолият мекунанд.
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube