Дар толори хониши китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раёсат бо донишҷӯёни таҷрибаомӯзии дарозмуддат вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ н.и.п. Ҳасанов Ш.Р., роҳбари таҷрибаомӯзии педагогӣ омӯзгор Холматов С.Н. ва роҳбарони таҷрибаомӯзии факултетҳо иштирок намуданд.
Мақсад аз вохӯрӣ ин муайян намудани раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ ва дар ҳаҷми як воҳиди корӣ ба дарс таъмин гардидан онҳо барраси гардид.
Таъкид карда шуд, ки ҳолати ҳуҷҷатнигории таҷрибаомӯзӣ дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа ба роҳ монада шавад. Таҷрибаомӯзон метавонанд дар давраҳои таълим рейтингҳои академиро дар донишгоҳ ба шакли ҳузурӣ супоранд.
Дар охир мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ вобаста ба раванди таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён маслиҳату тавсеаҳои методӣ доданд.