Имрӯз, 9 – уми ноябри соли 2024 дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи пешдифои рисолаи илмӣ унвонҷӯйи кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ Хоҷаалиев Файзиддин гузаронида шуд.
Дар он декани факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, дотсент Раупов Ҷ., мудири кафедраи менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, н.и.и. Наимов Б., мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, н.и.и. Холов Т.,
дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит Бакоев.Ш. ва дигар устодони факултети мазкур иштирок намуданд.
Унвонҷӯйи кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ Хоҷаалиев Файзиддин зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ғаниев Тавварали Бобоевич
дар мавзуи “Роҳҳои ташаккули пешвои дар роҳбарии менечменти муосири касбӣ” дар назди ҳозирин, бобати самти таҳқиқи кори илмӣ ва аҳмияти он маълумоти мухтасар дод.