(дар мисоли сайри осорхона)
Фаъолияти беруназсинфӣ ё беруназдарсӣ дорои хусусият ва шаклу усулҳои худ буда, аз ҷумла бо мақсади ҳамгироии ҳарчи хубтари муҳасилин бо ҳамсабақон, омӯзгор, ҷомеа, ҷараёни омӯзиш, интихоби касб, такмили донишу ҷаҳонбинӣ ва фаъолгардонии мавқеи ҷамъиятии шахс ташккилу ба роҳ монда мешавад. Яке аз намудҳои фаъолияти беруназдарсӣ ба сайру саёҳати осорхонаю ҷойҳои таърихию фарҳангӣ фаро гирифтани муҳасилин маҳсуб меёбад.
Сайру сайёҳат бошад, хоси муҳити сулҳу оромӣ ва шароити хуби зист буда, яке аз нишонаҳои муҳими рушди бемайлону босуботи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаю давлат маҳсуб меёбад.
Хушбахтона имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромии сартосарии Тоҷикистон, ки аз сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар сол аз сол рушду густариш ёфта, шароиту имкониятҳои ҳаёту фаъолият дар тамоми ҷодаҳо рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардида истодааст.
Воқеан ҳам, дар муҳити ваҳдати сартосарии кишвар бо дастгириҳою ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маорифи кишвар низ, шароити таҳсилу фаъолият ҳамарӯза беҳтар гашта, муҳасилину кормандони соҳа ба дастовардҳои нав ба нави илмӣ ва таълимию тарбиявӣ ноил шуда истодаанд, ки ин омил омӯзгорону донишандӯзони соҳаро нерую илҳоми тоза бахшида, ба фатҳи қулаҳои нав ба нави ҷода, раҳнамун месозад.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ, чун яке аз муассисаҳои муҳими илму маорифи мамлакат, дар ин асно баҳри иҷрои супоришу ҳидоятҳои созандаю дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии наврасону ҷавонон ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва тақозои вазъу замон аз ҳама имконияту воситаҳои таълимӣ ва моддию техникӣ самаранок истифода менамояд.
Ин аст, ки дар фаъолияти худ раёсати донишгоҳ ва сохторҳои он дар баробари санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатию соҳавӣ як қатор нақша-чорабиниҳоеро, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нигаронида шудааст мавриди татбиқ қарор медиҳад. Яке аз чунин иқдомҳои босамару санҷидашудаи хислати таълимию тарбиявӣ ва илмию амалӣ доштаи раёсати донишгоҳ, ки дар давоми соли хониш асосан чун фаъолияти беруназдарсӣ роҳандози карда мешавад, ин ба сайру сайёҳати осорхонаю мавзеҳои таърихию фарҳангӣ ҷалб намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад.
Дарвоқеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯрию суханронии хеш оид ба боло бурдани сифати таҳсил, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба илмомӯзию аз бар кардани касбу ҳунар, омӯзишу таҳқиқи таъриху фарҳанг, тамошои осорхонаю мавзеҳои таърихӣ ва бо ин васила баланд бардоштани ҳисси худшиносию қави гардонидани хотираи таърихии онҳо, дӯст доштани Ватан, тақвияти эҳтиром ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги бою пурифтихори миллат, таъкид ва дастуру супоришҳо медиҳанд.
Чунончи пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров 14-уми ноябри соли 2023, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз осорхонаи навсозишудаи мазкур ба масъулон дастуру супоришҳо дода аз ҷумла иброз намуданд, ки: барои фаъолияти босамар, ҷалби мардум ба осорхона, хусусан, ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба ин макони фарҳангӣ ба хотири тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ин асно, соли хониши равон иқдоми ҷалби донишҷӯён ба тамошои осорхона бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъкиду тавсияҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оид ба ҳарчи беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва касбомӯзии ҷавонон, ки санаи 17-уми сентябри соли 2024 зимни вохӯрияшон бо донишҷӯёни курси аввали донишгоҳ иброз намуданд, роҳандози карда шуд.
Бо мақсади иҷрои санаду меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда, барномаи таълимӣ ва тавсияҳои раёсати донишгоҳ, садорати факултети таърих ва ҳуқуқ нақша-чорабинии ҷалби донишҷӯёни бахши якуми факултетро ба тамошои осорхона мураттаб намуд. Нақша-чорабинии мазкур таҳти унвони “Сайри осорхона” барои дидан намудан аз осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии факултет ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоятӣ ба номи “Авесто”-и шаҳри Бохтар тартиб дода шуда, аз 12 то 26 октябри соли 2024 тамошою шиносоии донишҷӯён ба осорхонаҳои зикргардида роҳандозӣ гардид. Боиси қайди хос аст, ки давоми соли хониш сайру сайёҳат ва дидан намудан аз осорхонаю ҷойҳои таърихии кишвар бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои болои низ дар шакли фаъолияти беруназдарсӣ амали карда мешавад.
Албатта бояд ба инобат гирифт, ки онҳое, ки акнун ба остонаи мактаби олӣ ба ҳайси донишҷӯ қадамҳои нахустини худро мегузоранд зинаи навбатии ҳаёташон оғоз меёбад, бахусус ибтидои аз бар кардани касбу ҷодае, ки дар зиндагии шахсию ҷамъиятии минбаъдаи онҳо ва рушди давлат нақши муҳим хоҳад дошт.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида донишҷӯён вобаста ба гурӯҳҳо ва рӯзҳои муайяншуда нахуст аз осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии факултети таърих ва ҳуқуқ, сипас аз осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоятӣ ба номи “Авесто” дидан намуданд. Масалан гурӯҳҳои 101 ва 102-и факултети таърих ва ҳуқуқ тибқи ҷадвали пешбинишуда санаи 12-ум ва 14-уми октябр мувофиқан аз осорхонаҳои зикргардида дидан намуданд. Гурӯҳҳои дигари курси аввали факултети таърих ва ҳуқуқ бо ҳамин минвол ба сайри осорхонаҳои дар боло зикршуда фаро гирифта шуданд.
Тибқи ҷадвали дарсии тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ, оғози баргузории дарси донишҷӯёни курси аввали факултетҳои дар минтақаи “Дустии Халқҳо” воқеъбудаи донишгоҳ, ки факултети таърих ва ҳуқуқ низ дар минтақаи мазкур ҷойгир аст, соати 13 00 пешбини шудааст. Аз инрӯ нақша-чорабинии “Сайри осорхона”-и фавқузикр, фориғ аз дарс то оғози басти дуюм, дар нимаи аввали рӯз ба нақша гирифта шуда, амали гардонида шуд. Ҷараёни тамошои донишҷӯёнро аз осорхонаҳои зикргардида мутасаддии садорати факултет ва сарпарастони гурӯҳҳои ҷалбшуда роҳнамои намуданд.
Воқеан ҳам ошно намудани донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ бо муҳтавою моҳияти намоиш ва фаъолияти осорхонаи факултет ва вилоятӣ на танҳо аҳамияти муҳими саривақтӣ, инчунин оянданигариро низ доро мебошад. Зеро ба онҳо зарур меояд, ки аз ин пас чун таърихшиносону фарҳангшиносони оянда, дар ҷараёни таълиму тадрис ва фаъолияти минбаъдаи хеш дар баробари сарчашмаю маводҳои нашрию итилоотии гуногун аз имкониятҳои фарохи осорхонаҳою ёдгориҳои таърихию фарҳангии дохилию хориҷӣ истифода намоянд.
Омили дигари муҳимтарини ба сайри осорхона ҷалб гардидани муҳасилин, ки чунин машғулият ба шумули корҳои беруназдарсӣ мансуб аст, ин ба ҳамгироии босуръаттари иҷтимоии онҳо боис гашта ба зинаи наву хубтари муносибати байни муҳасилину омӯзгор ва ҳамсабақон оварда мерасонад.
Яъне дар ҳолати ғайримуқарарӣ ба кору фаъолият ё мавзуи муайян машғул шудани шогирду муаллим заминаи хуби ҳамфикрию ҳамрайи ва муносибати боз ҳам бовариноктару боэътимодтарро нисбати якдигар ба вуҷуд оварда дар ҳамоҳангии андешаю амалӣ минбаъдаи якҷояи онҳо мусоидат менамояд. Фаъолияти тарафайни онҳоро боз ҳам мустаҳкам карда дар дарки ҳарчи хубтари марому мақсади якдигар ва ҳамгироии ҳамфикрияшон боис мегардад.
Бахусус дар ҷодаи тарбияю таълим, ки дар меҳвари мақсади тарафайн – омӯзишу омӯзонидан қарор дорад, хоҳишу мароми мутақобила ва зуддаркнамоии якдигар, на танҳо аз доштани хату савод ва дониши казоӣ вобаста аст. Инчунин қабулу эътироф ва эҳтироми якдигар, ҳамоҳангии андешаю амали ҷонибҳо, ки он дар асоси фаъолияти бисёрҷанбаи шогирду устод боз ҳам такмилу сайқал меёбад, яке аз заминаҳои муҳими муваффақият ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла дар ҷараёни корҳои беруназдарсӣ низ, ки тамошою шиносоии осорхонаю ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили он маҳсуб меёбад. Оид ба самаранокии ҷараёни таълим андеша ронда муллифони китоби “Фаъолияти тарафайни муаллим ва хонанда дар раванди таълим” чунин менигоранд: “Ҷараёни таълим фаъолияти тарафайнро тақозо мекунад. Бигзор бачаҳо дар симои муаллим боз як шарикдарси худро бубинанд”.
Барои ҳар як одам донистани мавҷудияти гушкунандаи ибрози назар ва ислоҳгару маслиҳатчии воқеъбин, чӣ дар рафти дарс ва чӣ берун аз он боиси такони баён ва муколамаи тарафайн мегардад. Дар айни замон омили мазкур дар баробари такмилу ташаккули шахсияти муҳасилин метавонад ба тақвияту рушди шахсию касбии омӯзгор мусоидати беандоза муҳим намояд.
Тадрису омӯзиши тавъам бо фароғат дар шакли тамошою саволу ҷавоби дуҷонибаю бисёрҷониба бо муҳокимаю мулоҳизаронии ғайрирасмӣ ва дар муҳити наву ғайримуқарарӣ суратгиранда, самараи мусбии худро ба бор меорад. Аз он ҷумла боиси тақвияти ҳамкории иштирокчиён ва сайқалу суфташавии дарку фаҳми онҳо оид ба ашёю макон ва замони омӯхташаванда гашта, дар омӯзиши хислати ҷонибҳо ва муносибати минбаъдаи онҳо таъсири бағоят муҳим мерасонад.
Аз он ҷумла пас аз татбиқи нақша-чорабинии зикргардидаи “Сайри осорхона” баъзе аз донишҷӯён якчанд нигораҳои аҳамияти осорхонавӣ доштаро оварда ба таври ройгон ба осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии факултети таърих ва ҳуқуқ супурданд.
Масалан донишҷӯёни зерини гурӯҳи 102-и ихтисоси таърих ва ҳуқуқ – Бобоев Саидмумин Маҳмадович ва Лақаев Обиддин Маҳмадалиевич (16.10.2024) пулу тангаҳои барориши солҳои 90-ум, ки мансуб ба Федератсияи Руссия ва Ӯзбекистон мебошанд оварда супурданд. Ҳамчунин донишҷӯи гурӯҳи 107-и ихтисоси таърих аз рӯи самтҳо – Ғаниев Талбакшоҳ Умархонович, сокини ноҳияи Хуросон (28.10.2024) як адад асбоби мусиқӣ – дутор овард, ки тибқи нақли ӯ дутори мазкур аз бобокалонаш усто Турсунмурод ба мерос мондааст. Аз нақли Ғаниев Талбакшоҳ метавон хулоса кард, ки дутори мазкур ба солҳои 30-юми асри ХХ мансуб аст.
Дар рӯзҳои баргузории нақша-чорабинии “Сайри осорхона” ҳар гурӯҳи донишҷӯёне, ки аз осорхона дидан мекарданд дар ҷараён ва ё анҷоми тамошояшон мақсади овардани ашёҳои гуногуни таърихиро баён медоштанд.
Қобили таъкид аст, ки асосан нигораҳои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии факултети таърих ва ҳуқуқ аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ба таври ройгон ҷамъовари шудааст. Таҷриба собит менамояд, ки баёни хусусияти зикршуда дар аснои ташрифи фардию дастаҷамъонаи тамошогарон ба осорхона ва мавҷудияти дафтари махсуси қайди гирдоварандагон заминаи гуфтугӯи тарафҳо ва дар оянда вориди ашёҳои дигари таърихию фарҳангӣ ба осорхона мегардад.
Мавриди ёдоварист, ки тамошои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии факултети таърих ва ҳуқуқ ва истифодаи имкониятҳои гуногунҷанбаи он дар доираи нақша-чорабиниҳои расмӣ ва рӯзҳои ҷашну чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ маҳдуд намегардад. Дар давоми соли хониш ташрифу шиносоии фардию дастаҷамъона ба осорхона ва истифодаи маводҳои гӯшаҳои он дар ҷараёни таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ба таври васеъ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Минбаъд низ, садорати факултети таърих ва ҳуқуқ ва осорхонаи зикргардидаи он бо мақсади тақвияту такмили сатҳи донишу фаҳмиши муҳасилин, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии онҳо ва пурсамартар намудани фаъолияти осорхонаи факултетӣ корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намояд.
Хулоса фаъолияти беруназдарсӣ ва хусусиятҳои мусбии тарафайни он зиёд буда, аз самараҳои хуби ин усул, аз он ҷумла дар шакли “Сайру саёҳат ба осорхона ва мавзеҳои таърихиву фарҳангӣ” дар ҷараёни таълиму тарбия, такмилу тавсеаи фаъолияти фардию дастаҷамъонаи ҷонибҳои иштирокдор ва рушди коргузории муассисаҳои дар ин раванд фарогирифта метавон бо қаноатмандӣ ибрози назар кард.
Тағойзода Саидмурод Қудратулло
мудири осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии
факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав