12 –уми ноябри соли 2024 дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шурои илмии методӣ бо иштироки профессорону устодони донишгоҳ доир гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи ШИМ – и донишгоҳ аз рӯи масъалаи якум Талабот оид ба омода ва таҳия намудани мақолаҳои илмию методӣ ба маҷаллаҳои тақризшаванда, гузориши котиби масъули маҷаллаи илмии Паёми донишгоҳ, дотсент Болтаев М.А. шунида шуд.
Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа сатҳу сифати таълим дар гурӯҳҳои таълимашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар факултетҳои донишгоҳ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати таълим, мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ Қаршиева Г.,гузориш намуд.
Аз рӯи масъалаи сеюм ва чорум, ки муҳокима ва тасдиқи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ, муҳокима ва тасдиқи саволномаҳои фанниро дар бар мегирифт, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Оид ба масъалаи ҷорӣ маълумотномаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар охир раиси ҷаласаи Шурои илмии методӣ, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд Акбар ба профессорону устодон дар корҳои илмӣ таҳқиқотияшон барору комёбиҳо таманно намуданд