13 – уми ноябри соли 2024 дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба иҷлосияи 16 – уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони ” Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ” мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар сардори илм ва инноватсия Нориён Ф., мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ, профессор Алимов Д., профессор Саид А., мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, номзади илмҳои таърих Мирзоев Ғ. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, Нориён Ф., ба сухан баромада нақши пешвои миллат дар таҳкими сулҳи тоҷикон ва ташаббусҳои бевоситаи президентро ба ҳозирин ироа намуд.
Иброз дошт, ки таҳкими сулҳро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо заҳматҳои ҷонфидоёнаи хеш барои мо тоҷикон сулҳро ҳадя намуд.
Сипас, профессор Алимов Д., дар мавзуи “Иҷлосияи 16 – уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ” маърӯза намуданд.
Дар идомаи мизи мудаввар маърӯзаи Мирзоев Ғ. дар мавзуи “Аҳмияти таърихиии иҷлосияи 16 – уми Шурои олӣ” шунида шуд.
Нотиқон Баротов М., Наботов Ф. ва Садриддини А. дар ҳошияи мизи мудаввар низ баромад намуданд.
Дар охир гуфта шуд, ки пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ягона фарзанди тоҷикони ҷаҳон хоҳад буд ва мемонад.
и ещё 14
Все реакции:
31