Имрӯз, 14 -уми ноябри соли 2024 бо ташаббуси Идораи рӯзномаи “Хатлон” ва факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушди воситаҳои ахбори оммаи тоҷик” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, дотсент Маъмурзода Носирҷон, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент Шарипов С., мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, дотсент Муродов А., мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Назаров М., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон Сиддиқзода Ғ., сармуҳаррири маҷаллаи “Меҳровар” Шарофати Д. ва устодону донишҷӯён ширкат намуданд.
Иштирокчиён вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди ВАО, шинохт ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ, роҳҳои ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, вазъи забони матбуоти тоҷик, саҳми Сарвари давлат дар баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва дигар масъалаҳо бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши ВАО дар таъмини амнияти фазои иттилоотӣ ибрози андеша намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.