Имрӯз, 14-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон” аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ташкил ва баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ҳамдамзода Хурсанд ва декани факултети дипломат ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Фаридун ширкат варзиданд.
Сараввал масъулин намоиши дастовардҳои донишгоҳи мазкурро тамошо намуданд. Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода дар суханронии худ қайд кард, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаи худ имкониятҳои васеъ барои рушди ҷавонон фароҳам овардааст ва сиёсати давлатии ҷавонон боиси пешрафти неруи зеҳнӣ ва эҷодии онҳо мегардад. Сипас Ҳамдамзода Хурсанд муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар суханронии худ ба нақши таҳсилоти олӣ ва донишгоҳ дар тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст ишора намуда, иброз намуд, ки чунин шароити мусоид барои мо аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин Исматуллозода Фаридун низ дар баромади худ таъкид кард, ки хизматҳои Пешвои миллат дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастгирии ҷавонон беназир аст.
Ба як қатор ҷавонони фаъоли вилоят сипосномаву тӯҳфаҳо мукофотонида шуд.
Дар идомаи чорабинӣ, иштирокчиён ба шаҳри Левакант сафар карда, аз осорхонаи Литсейи касбии саноатии кимиёии шаҳри Левакант дидан намуданд. Ин муассиса дорои аҳамияти таърихӣ мебошад, зеро даврони донишҷӯии Пешвои миллат дар ҳамин ҷо сипарӣ гардида, ҳамаи ҳуҷҷатҳои он давра дар осорхона бо эҳтиёт нигоҳ дошта мешаванд.