15 – уми ноябри соли 2024 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16 – уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет н.и.и., Холназарзода М.Х., профессор Алимов Д.,
н.и.и. Султонов М.С. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет н.и.и., Холназарзода М.Х., баромад намуда, иштирокчиёнро ба рӯзи ормонҳои миллӣ самимона табрик намуд. Баъд аз сухани табрикотӣ дар мавзуи “Дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери раҳбарии Пешвои миллат” маърӯза шунида шуд.
Баъдан, профессор Алимов Давлаталӣ дар мавзуи “Иҷлосия 16 – уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иҷлосияи тақдирсоз” баромад намуд.
Дар идома нотиқон дар мавзуҳои сулҳу ваҳдат, Иҷлосияи тақдирсоз, нақши пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуданд.
Дар охир гуфта шуд, ки суботу ягонагии миллатро Иҷлосияи тақдирсоз чун роҳнамо тоҷиконро боз сарҷамъ намуд.