15 – уми ноябри соли 2024 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Саҳми Пешвои миллат дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Нурализода Н., мудири бахши шӯъбаи тарбияти донишгоҳ Набизода Э.,
декани факултет дотсент Холназаров М.Ҳ. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сипас, дотсент Холназаров М.Ҳ. бахшида рӯзи Иҷлосияи 16 -уми Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда ҳоизринро ба ин рӯзи таърихӣ самимона шодбош намуд.
Дар идома муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Нурализода Н. дар мавзуи “Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Дар ин он мудири бахши шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Э. ва мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ н.и.и, Мирзозода М.Ш “Саҳми Пешвои миллат дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ” ва “Нақши пешвои миллат дар таҳкими суботи кишвар” маърӯзаҳо шунида шуд.
Дар охир донишҷӯёни ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаҳо ироа намуданд.