15 – уми ноябри соли ҷорӣ дар кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носри Хусрав чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони
“Мактаби сарварии Пешвои миллат” доир гардид.
Дар ин чорабини намояндагони Раёсати донишгоҳ, профессорон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, муовини ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Хурсанд ба сухан баромада, аз номи ректори донишгоҳ ҳозиринро ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16 – уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон буд, ки мо дар фазои субот кору фаъолият намуда истодаем. Таваҷҷуҳи пайвастаи пешвои миллат ба соҳаи маориф нигаронида шуда дар ҳама баромадҳои худ таъкид месозанд, ки маориф рукни асосии давлат ба ҳисоб меравад.
Аз ин ҷост, ки барои пайдо намудани истеъдоҳои нав озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил намудааст.
Дар идомаи чорабинӣ директори маркази таҳсилоти фосилавии донишгоҳ Саиднуриддинзода А.М., дар мавзуи “Нақши пешвои миллат дар муваффақ шудан ба сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ” баромад намуданд.
Сипас, баромади озод доир гардида, омӯзгорон оид ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат ибрози андеша намуданд.
Пас аз он қисмати фарҳангии чорабинӣ оғоз гардида, шеъру суруд дар васфи ватан, сулҳу субот, Пешвои миллат аз ҷониби дастаи ҳаваскорони “Левакант” – и назди донишгоҳ суруда шуда хотири ҳозиринро болида гардониданд.