16 – уми ноябри соли 2024 дар факултети техникӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президент ва парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми Президент дар рушди илм ва техника” мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, н.и.п., Холмуродзода М.Х.,муовини декан оид ба илм ва инноватсия Маҳмадалиев Э.Ш. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Холмуродзода М.Х., ба сухан баромада ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ самимона табрик намуд. Иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсат тавонист, сулҳи абадии тоҷиконро дар дунё муаррифӣ намояд. Ин боиси ифтихор низ ҳаст, ки мо тоҷикон имрӯз собҳиби давлати ҳуқуқбунёди демократӣ мебошем.
Дар идомаи мизи мудаввар баромадкунандагон вобаста ба самҳои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, ки бевосита бо талошҳои пешвои миллат, рушд намудаанд маърӯзаҳо шунида шуд.
Дар охир гуфта шуд, ки ин пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сулҳу ваҳдат ва талошҳои пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.