16 – уми ноябри соли 2024 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, дотсент Ятимов П.М., д.и.х. Ғаффуров Б.,н.и.п. Назаров Т., н.и.б., Давлатова Д.,н.и.х., Давлатов Д.,
н.и.б. Пиров Ғ. З. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет, дотсент Ятимов П.М., ба сухан баромада ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ муборак бод гуфт.
Иброз намуд, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, аз қабили озмуни ҷумҳуриявӣ илм фуруғи маърифатро таъсис доданд. Ин аз он далолат мекунад, ки барои дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд. Аз ин рӯ пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама сатҳои хоҷагидорӣ назаррас буда, чун пешвои тоҷикон раҳнмо мебошанд.
Дар охир устодон шогирдони худро ба Рӯзи Президент самимона табрик намуданд.