Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳисоботи навбатии мавзуи фармоишии кафедраи биологияи умумии факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Инвентаризатсияи намудҳои асосии дарахтон ва буттаҳо дар минтақаи кабудизоркунии шаҳри Бохтар ва бунёди минтақаи интродуксионнӣ дар заминаи Маркази таълимии ДДБ ба номи Носири Хусрав (ш. Левакант)» доир гардид.
Дар ҳисоботи навабатии мавзуи фармоишӣ, ки
(барои солҳои 2022 – 2026) дар нимсолаи аввали соли 2024 (рақами қайди давлатӣ 0122Тj 1482) багузор гардида роҳбари лоиҳа Давлатзода Сайфиддин Хайриддин – доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ.) ва иҷрокунандагон (Иҷрокунандагон: н.и.х., ходими пешбари илмӣ Ятимов П.М., н.и.к., ходими калони илмӣ Рукниддинов Қ., н.и.п., ходими калони илмӣ Назаров Т.Х., ходими хурди илмӣ Ибрагимов А.Х.,) иштирок намуданд.
Ҳисоботро роҳбари лоиҳа профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин баромад намуда, вобаста ба корҳои иҷрошуда ҳисоботи муфассал доданд. Қайд карда шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Бохтар ҳоло 180(±10) намуди дарахтон ва буттаҳо, ки асосан намояндагони шуъбаи пӯшидатухмон ба ҳисоб мераванд (134 намуд) ҳамчун маводи ороишӣ истифода мешаванд. Шуъбаи лучтухмон 17 намуд аз чор оила (Cupressaceae, Ephedraceae, Pinaceae ва Taxodiaceae) иборат аст. Синфи якпалагиҳои шуъбаи пӯшидатухмон 10 намуд аз 5 оила иборат аст. Синфи дупалагиҳо бошад 153 намуд аз 42 оила иборат аст, ки дар байни онҳо намояндагони оилаи Rosaceae (41 намуд) аз ҳама бештар истифода шудааст.
Барои 41 намуди асосии дарахтон ва буттаҳои ороишӣ мушоҳидаҳои фенологӣ тибқи Методикаи мушоҳидаҳо дар боғҳои ботаникӣ (Методика наблюдений в ботанических садах СССР. Александрова, Булыгин, 1979), инчунин тавсифи аломатҳои асосии морфологӣ, гербаризатсияи намунаҳо ва ҷамъоварии тухмҳо гузаронида шуданд. Хусусиятҳои парвариш дар 8 намуди дарахтон ва буттаҳо, ки дар боғдории ороишии шаҳри Бохтар васеъ паҳн шуда, омӯхта шудаанд.
Инчунин тавсияҳо оид ба соҳаи боғдории ороиши дода шуда, беҳтарин растаниҳоеро ба шароити шаҳр мутобиқат ва зебогидоранд пешниҳод шуд.