Шоми имрӯз, 18 ноябри соли ҷорӣ, як гурӯҳ донишҷӯёни ихтисоси журналист-тарҷумони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо роҳбарии омӯзгори ҷавон, докторанти курси дуюми кафедраи рӯзноманигорӣ Акмал Қурбонов ба Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ҷамъ омада, ҳамзамон дар маҳфили “Шоми китоб” иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҳфили мазкур дар хусуси аҳамияти китобу китобхонӣ ва нақши он дар рушди ҷаҳони маънавии инсон, ба китобу китобхонаҳо рӯ овардани ҷавонону наврасон ва дигар масъалаҳои барои ҷавонон муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин шурӯъ аз моҳи ноябри соли равон барои дӯстдорони китоб фаъолияти шабонаро ба роҳ мондааст. Хоҳишмандон метавонанд, шомгоҳон низ ба ин даргоҳи илму маърифат омада, беҳтарин китобҳоро мутолиа намоянд.