Имрӯз, 18-уми ноябри соли 2024 дар Шурои диссертатсионии
6D.KOA-041 – и назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” ҳимояи рисолаи номзадии Шарипов Сафарбой Муродалиевич дар мавзуи “Таъсири нанозарачаҳо (дуда, нанонайчаҳои карбонӣ) ба таъғйирёбии гармигузаронӣ ва гармиғунҷоиши метилбутилкетон дар фазаи гузариш ва параметрҳои гуногуни ҳолат”, зери роҳбарии
доктори илмҳои техникӣ, профессор Сафаров Маҳмадалӣ Маҳмадиевич
баргузор гардид. Ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устод Сафаров Маҳмадалӣ Маҳмадиевичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи таълимиву тарбиявӣ ва илмию таҳқиқотияш комёбиҳо орзуманданд.