20 – уми ноябри соли 2024 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар зери унвони «Ҳифзи табиат ва захираҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналлалии ҳифзи табиат ва захираҳои табии доир гардид.
Дар кори он декани факултет, н.и.х, дотсент Ятимов П.М, муовини декан оид ба илм ва инноватсия н.и.б., Пиров Ғ.З. иштирок намуданд.
Сипас декнаи факултет Ятимов П.М., ҳозиринро ба мавзуи мизи мудаввар ошно намуданд.
Иброз намуданд, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №879 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ» ба имзо расидааст.
Дар идома омӯзгори кафедраи экологияи умумӣ Болтаев Ҳ., вобаста ба “Ҳифзи канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд.
Сипас, омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайри органикӣ Саидшоҳи С. дар мавзуи
“Роҳҳои муҳофизати олами ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд. Ҳамчунин
Магистри курси якуми ихтисоси биология Рамазони М., “Ҳифзи захираҳои табии растаниҳо” ва дигар донишҷӯёни факултети мазкур бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ созмони байналмилалӣ шомил гардида, зиёда аз 1400 ташкилоти давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ аз 170 кишвари ҷаҳон узви Иттиҳоди зикршуда мебошанд.
Ин Иттиҳод масъалаҳои вобаста ба ҳифзи гуногунии биологии сайёраро баррасӣ карда, тадбирҳои сиёсӣ ва амалҳоро оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таҳия ва татбиқ менамояд, лоиҳаҳои самти мазкурро дастгирӣ менамояд