Чанд сол аст, ки бо ташаббусу ибтикор ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави суханвару эҷодкор ва тақвияти неруи зеҳнии наврасону ҷавонон ва сокинони кишварамон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дар сатҳи баланд ва бо иштироки зиёди довталабон ташкилу баргузор мегардад.
Дар ин озмунҳои ҷумҳуриявӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ фаъолона ширкат менамоянд.
Имсол устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, аз ҷумла донишҷӯйи соли дуюми факултети филологияи тоҷик Шоҳрухи Рустам сазовори ҷойи сеюм аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд намудани осори адибони классики тоҷику форс, Астанаев Азамат донишҷӯйи курси чоруми факултети филологияи тоҷик, сазовори ҷойи дуюм аз рӯйи хондан ва азёд намудани осори адибони муосири тоҷик, Билоли Ҳикматулло, омӯзгори факултети иқтисодии донишгоҳ, сазовори ҷойи дуюм аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд намудани осори адибони классики тоҷику форс ва Раҳматова Райҳона, омӯзгори кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик, сазовори ҷойи дуюм аз рӯйи номинатсияи эҷоди наср гардиданд. Ҳамаи ғолибони озмун ва роҳбарони онҳоро аз номи ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав самимона шодбош менамоем. Муборак бошад, комёбиҳо!