21 – уми ноябри соли 2024 дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба “24 ноябр – Рӯзи Парчами миллӣ” баргузор карда гардид.
Дар мизи мудаввар муовини декан оид ба таълим Муҳаммадзода Б.М., мудирони кафедраҳо Садриддини А., Қурбонов М.М., ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва маърӯза намуданд.
Гуфта шуд, ки давлатдорӣ аз парчамдорӣ сарчашма мегирад. Парчам худ ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳар сокни худшинос бояд ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад.
Дар охир устодон якдигарро ба ин санаи таърихӣ самимона табрик намуданд.