Ҳуҷҷати сулҳи навини тоҷиконам парчам аст,
Пойдории мақоми ориёнам парчам аст.
Имрӯз мо дар арафаи ва таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Тибқи муқаррароти моддаи3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ваСуруди милли ҳамчун ифодагари пойдории аз давлату давлатдорӣ ифтихори миллӣ, ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Вазифаи насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандорию ифтихор аз ватан мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сокинони кишварро ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу кушишҳои пай дар пай ба хотири рушди ин сарзамини куҳанбунёду аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Ба забон овардан ва бо дидану шунидани вожаҳои Ватан, Президент, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва забони давлатӣ, ҳар як шахси солимақлро беихтиёр ҳисси Ватану ватандорӣ, меҳанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти бисёр ҳам самимӣ ва дилчасп , махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистон, зери мавҷҳои фараҳбахши парчами давлатӣ, боз ҳам гуворотар ба ҷилва меоянд.
Ёдовар бояд шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24 – ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳоиасосии давлат – Парчами Тоҷикистон, аз 20 – уми ноябри соли 2009 рузи 24 – уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораиворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун асосӣ «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Ҳамасола муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар” ба номи Носири Хусрав” рузи 24 – уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳи хоса ҷашн мегиранд.
Дар охир ҳамаи мардуми шарафманди кишварро ба ин иди муқаддаси умумимиллӣ, рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, сипоси онро дорам, ки ҳамеша дар хонадони Шумо осмони софу беғубор ва сиҳатмандиву сарбаландиҳо ҳукумфармо бошанд.
Собирзода Хайриддин Мирзошариф
омӯзгори кафедраи педагогика ва
психологияи таҳсилоти ибтидоии
ДДБ ба номи Носири Хусрав