Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозию давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд.
24 – уми ноябр барои мардуми кишвари мо бисёр рӯзи сарнавиштсоз ва муҳим мебошад. Чун, ки маҳз дар ин рӯз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора тасдиқ карда шуд. Имсол расо 32 сол мешавад, ки Ҷумҳурии мо маҳз бо ҳамин парчам дар дохил ва хориҷи кишвар шинохта шуда эътироф гардидааст. Мувофиқи моддаи 3 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Ин ҳолат ба назари мо аз муҳимияту аҳамияти он дар ҳаёти давлатдорӣ дарак медиҳад ва собит месозад, ки парчами давлатӣ дар миёни рамзҳои давлатӣ бахусус Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ аз нақш ва ҷойгоҳи махсусе бархурдор аст.
Ин нуқтаро қайдкардан ба маврид аст, ки 30 августи соли 2011 дар арафаи 20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо иштирок ва суханронии бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи 165 метра, ки яке аз баландтарин парчам дар ҷаҳон буда барафрохта шуд.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки парчами давлатӣ ин муаррификунандаи Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишварамон мебошад. Бо дидани парчами давлатӣ дар ҳушу зеҳни ҳар як шаҳрванд ҳисси ифтихори миллӣ ҳувайдо гардида, меҳру муҳаббати ӯро нисбат ба ватан зиёд мегардонад. Ба ғайр аз ин фаромӯш набояд сохт, ки маҳз ҳамин парчами давлатии ватанамон буд, ки моро ҳанӯз соли 1992 дар замони нобасомониҳо бо ҳам овард ва имрӯз чунин рӯзгори тинҷу ором насибамон гашт. Аз ин лиҳоз моро месазад, ки ба қадри ин муқаддасоти миллии ватани хеш расида онро ҳифзу эҳтиром намоем.
Раҷабализода С.Р., омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии
ДДБ ба номи Носири Хусрав