22 – юми ноябри соли 2024 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32 – солагии парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “парчам – рамзи давлатдории миллӣ” доир гардид.
Дар чорабинии идона муовини ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини тарбия Нурализода Наргис, доктори илмҳои таърих, профессор Алимов Д.Х. муовини ректор оид ба иқтисод Кибориён Б. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сипас, муовини ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Хурсанд ҳозиринро ба ин санаи муҳими таърихӣ самимона табрик намуда, ёдовар гардид, ки воқеан, парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои сулҳофари халқи Тоҷикистони азиз мо мебошад. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром ба парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Дар идомаи чорабини доктори илмҳои таърих, профессор Алимов Д.Х. дар мавзуи “Парчами давлатӣ – рамзи давлатдорию худогоҳӣ”, аз таърихи пайдоиши парчами миллӣ, давлатдории тоҷикон баромад намуданд.
Алимов Д.Х., иброз доштанд, ки маҳз талоҳшои халқи тоҷик бахусус абармардони он талош намуданд мо ба ин рӯзҳои субот расидем. Дорои Рамз, Парчам, Нишони давлатӣ гардидем. Аз ҷумла, нақш ва талоши абармарди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бориз мебошад.
Пас аз қисмати тантанавии чорабинӣ дастаи ҳаваскорони “Левакант”- и донишгоҳ баҳри болидарӯҳии ҳозирин дар васфи ватан, парчами миллӣ шеъру сурдҳои суруданд.
Ёдовар мешавем, ки устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва конференсияҳои илмию назариявии сатҳи байналмилалӣ нақши саҳим доранд.