“Парчами миллӣ барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Парчами миллӣ имрӯз яке аз рукнҳои давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон инъикос гашта, ҳамчун рамзи аҳтиром ва арҷгузорӣ дар тамоми идораю ташкилоту муассисаҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ қомат афрохтааст.
Маҳкам ба шоҳбанди ҷасорат камар кунем,
То парчами Ватан ҳама ҷо ҷилвагар кунем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 – уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 – уми ноябрро ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ дар гузашта ва имрӯз василаи муҳими ҷомеаи муосир ва муаррифгари Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Он дар худ мақсаду маром ва ормонҳои миллиро бо дарназардошти дирӯз ва имрӯз ифода менамояд, ки ин рамзҳо аксаран ба хотири ҳимояи миллат равона шудааст, чунки асоси онро сулҳу субот, озодӣ ва истиқлоли давлатӣ ташкил медиҳад. Барои даст ёфтан ба озодӣ мардум дар зери рамзи махсус – парчам, ки ифодагари мақсаду мароми эшон буд, муттаҳид мешуданд. Ин муттаҳиддӣ мардумро ба шӯриш, ошӯб ва инқилоб бештар равона месохт, ки аксари инқилобҳо ба хотири ташкили давлат, ҳимояи манфиатҳои халқияту миллатҳо аст, равона гардида буданд.
Барои гиромидошт ва ба даст овардани озодӣ ва истиқлоли давлатӣ гузаштагони мо дар зери парчами Коваи оҳангар, Спитамен, Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ, Темурмалик ва ғайра муқобили аҷнабиён муборизаи шадид бурдаанд. Ин мубориза бо сарварии Куруши Кабир, Аршак, Куҷула Кадфиз, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуб инбни Лайс ва Исмоили Сомонӣ бо барор анҷом ёфту ба ташкили давлату шоҳаншоҳиҳои муқтадир хотима ёфт. Ин корномаи ҷавонмардони қавииродаи миллати тоҷик дар зери парчами озодӣ ва истиқлол бо ҳарфҳои заррин мунъакис шудааст, ки имрӯз барои насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи мо таҷрибаи нодире ҷиҳати арҷ гузоштан ба арзишҳои давлатдорӣ ва ҳифзу гиромидошти истиқлол ба ҳисоб меравад.
Дар воқеъ, парчами миллӣ пеш аз ҳама рамзи ватандорӣ мебошад, ки ин аз сулҳу субот, озодӣ ва истиқлолу ваҳдату миллӣ шаҳодат медиҳад. Тоҷикони мо таърихи зиёда аз 6 ҳазорсолаи парчамдориро доро мебошанд. Гузаштагони халқу миллати тоҷик аллакай дар ҳазораи 3-2 то милод парчами худро доштанд, ки дар осори Абуали Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва Табарӣ ба таври муфассал зикр шудааст. Аз давраи ҳукумати сулолаи Каёниён то Сомониён садҳо фарзандони фарзонаи миллат баҳри ҳифзи ин рамзи озодӣ ва истиқлол ҷони худро нисор намудаанд. Дар тамоми набардҳо парчам муқобили душман чун рамзи сарҷамъӣ ва муттаҳиддӣ истифода мешуд. Барои ҳифзи он ҳар як ҷавонмардро лозим буд, ки то охирин нафас мубориза бурда, ин рамзи муқаддасро ҳифз намояд. Парчами Ҳахоманишиҳо дар дунёи қадим дар шарқ то сарҳади Чин дар шимол то Қафқоз дар ҷануб то Халиҷи Форс ва дар ғарб то Осиёи Хурду Миср парафшон буд, ки ин рамзи ҳукумати ҳамонвақтаи ниёгони тоҷикон дар ин минтақаҳои тамаддунхез ба шумор мерафт.
Шоҳони ҳахоманишӣ чун Куруши Кабир ва Дорюши Кабир парчами хешро, ки ранги сурх дошту дар он уқоб инъикос мешуд, дар тамоми набардҳо алайҳи душман ҳифз карда, парафшонии онро дар ду қитъаи олам Осиё ва Африқо таъмин намуданд. Минбаъд сулолаҳои тоҷиктабори Ашкониёну Кушониён талош намуданд, ки парчами ақвоми ориёитаборро дар сарзаминоҳои Вароруд, Хуросон, Эрон, Шарқи Наздик ва Қафқоз парафшон намоянд ва ба ин муяссар ҳам шуданд. Парчами Ашкониён ва Кушониён дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҳамчун рамзи қудрати ориёиҳо насб шуда буд. Шоҳони Парфия ва Кушон ба монанди Меҳрдод ва Канишкаи Кабир қудрати юнону мақдуниҳо ва румиҳоро дар минтақаҳои ҳамҷавор шикаста, парчами хешро дар шарқ то Ҳиндустон ва дар ғарб то Кападокия ва Шому Ироқ парафшон намуданд.
Воқеан аз марҳалаи парафшонии парчами тоҷикон ба аҳди ҳукумати сулолаи Сосониён рост меояд. Сосониён бо сарварии Ардашери Бобакон, Шопури 1, Хусрави Анушервон ва Хусрави Парвиз анъанаи давлатдории ниёгон, махсусан Ҳахоманишиҳоро идома дода, як шоҳаншоҳии бузургеро ташкил карданд, ки дар он зиёда аз 70 қавму халқиятҳо муттаҳид буданд. Шоҳаншоҳони сосонӣ дар ғарб мақоми Румро ба танг оварда, доираи парафшонии парчами хешро, ки аз се ранг сурх, зард ва бунфш иборат буд, васеъ намуданд. Оини парчамдорӣ дар аҳди Сосониён шаклу услуби хоссаи худро дошта, дар тамом набардҳо парчамдор дар сафи пеш қарор дошт.
Ҳайтолиён, ки бо ҷасурӣ ва далерӣ маъруф гардида буданд, дар парчами хеш расми шерро инъикос менамуданд, ки ин рамзи нотарсӣ ва мубориза бо душманон буд. Дер зери ҳамин рамз ба Ҳайтолиён муяссар гардид, ки зиёда аз 150 сол зимоми давлатдориро дар сарзаминҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон ба даст бигиранд. Муборизаи онҳо ба муқобили ақвоми турктабори кучманчии қисми шимоли Осиёи Марказӣ дар зери парчами шердор, ки дар осори муаррихони асримиёнагӣ зикр шудааст, аз хусусияти рамзи ягонагӣ ва истиқлолхоҳии ин парчам хабар медиҳад. Дар зери ин парчам, ки ифодагари нангу номуси ин қавми ориёитабор буд, муяссар гардид, ки як қисми бузурги Роҳи абрешим муддати зиёд дар зери назорати онҳо қарор дошта бошад.
Дар давраи ҳукмронии Сомониён парчами давлатӣ дар асоси суннатҳои давлатдори ниёгон ва омезиш ба суннатҳои исломӣ қабул шуда буд. Парчам дар болои арки амир овезон буд, ки он шакли идории давлатиро инъикос менамуд. Сомониён талош мекарданд, ки суннатҳои неки давлатдории ниёгонро эҳё бахшанд. Исмоили Сомонӣ дар зери парчами хеш ба Туркистони Шарқӣ ҳуҷум намуда, туркони бояднишинро, ки ҳамеша ба шаҳрҳои минтақа хатар эҷод мекарданд, шикаст дода, дар он минтақаҳои ҳукумати хешро барқарор сохт. Бо барҳам хӯрдани давлати Сомониён новобаста аз он ки дар минтақа сулолаҳои ғайритоҷик ба қудрати сиёсӣ расиданд ба анъанаҳои давлатдории эҷодкардаи Сомониён идома бахшиданд. Мувофиқи маълумоти Низоммулмулк, ки дар “Сиёсатнома” хабар додааст, низоми идорӣ ва аркони давлатдории Сомониён барои сулолаҳои вопасини чун намуна мавриди истифола қарор гирифт.
Ба қавли дигар, зарурати таърихӣ кулли инсонҳои рӯйи оламро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкори мондагори худ ҳатман рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо ба ҳисоб мераванд.
Бояд қайд кард, ки мазмуни рангҳои Парчами миллии мо тоҷикон аслан гирем аз китоби муқаддаси “Авесто” сарчашма мегирад. Ранги сурхи парчам рамзи офтоб, ғалаба ва музаффарият, ранги сафед рамзи покии маънавии мардум, барф ва кӯҳҳои сарбаланди кишвар аст, ки 93 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил менамояд. Ҳамзамон ранги сабз нишонаи Наврӯзи оламафрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд.
Пешвои мууаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи тоҷик ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донистанд.
Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахти саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Хуллас, дар бораи пайдоиши парчами миллӣ ва давлатдорӣ суханҳои зиёде мавҷуданд. Муҳиммаш он аст, ки меҳру муҳаббат ва арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус ҳамеша ва ҷовидона ҷой дошта бошад ва ҳамзамон ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва инчунин ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ бояд ҳамчун рисолати таърихӣ, қарзи фарзандии ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза бошад.
Дар фарҷом фарорасии рӯзи Парчами давлатиро ба ҳамаи Шумо устодон, ҳамкасбон ва ҳамватанони азиз шодбош гуфта, бароятон ба қавли Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон: “сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчамсурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафедро орзӯ менамоям”.
Давлатбекзода ВАЙСИДДИН – омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоӣ