Имрӯз, 25 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Балҷувон сафари корӣ анҷом доданд.
Нахуст, раиси вилоят Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло дар оғози расмии ба истифодадиҳии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, ки дар деҳаи Хироби ҷамоати деҳоти Балҷувон бунёд шудааст, иштирок намуданд.
Баъди ба истифодадиҳии бинои иловагии муассисаи мазкур, ки ин аз самараи Истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Корҳои лоиҳакашии иншоотро ташкилоти лоиҳакашии «Инжиниринг Консултантсенд Ассосиатес Лимитед» бо маблағи 4,2 миллион сомонӣ анҷом дода, корҳои пудратиро бошад, мутахассисони ҶДММ «Элит-Строй-Сервис» амалӣ намудаанд.
Масоҳати умумии замини иншоот 7000 метри квадратӣ ва масоҳати зери сохтмон бошад 300 метри квадратиро ташкил медиҳад.
Бино аз дуошёна буда, аз 8 синфхона, утоқи директор ва хонаи омӯзгорон иборат мебошад ва барои 480 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст. Дар рафти ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Зимни шиносоӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Раиси вилоят аз синфхонаҳои муассисаи таълимӣ дидан намуда, аз рафти омӯзиши фанҳои тадрисшаванада бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбат намуданд. Зимни суҳбат оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат ёдовар гардида, онҳоро водор намуданд, ки барои азхудкунии илмҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Таъкид карда шуд, ки дар муассиса ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва бунёду навсозии муассисаҳои таълимии муосир низ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошад, ки барои таъмини пешрафти соҳаи маориф дар вилоят амалӣ карда мешаванд