Имрӯз, 25 – уми ноябри соли 2024 дар назди бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»- ро Раёсати донишгоҳ, устодону донишҷўён бо шукўҳу шаҳомати идона истиқбол намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки имсол дар қатори дигар довталабони озмуни мазкур омўзгорон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гардиданд. Дар даври ниҳоии озмуни мазкур довталабони донишгоҳ ба гирифтани 3 – ҷойи дуюм, 1- ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ дар миёни зиёда аз 40 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мавкеи сеюмро ишғол намудаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии Раёсати донишгоҳ ва муаррифии вилояти Хатлон гардид.
Ин матлабро зимни суханронӣ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иброз намуда, аз дастовардҳои муассиса дар самти илм ёдрас гардид. Гуфта шуд, ки ба озмуни имсола нисбат ба солҳои қаблӣ хубтару беҳтар омодагиҳо дида шуда, донишҷӯён низ фаъол, зирак ва бо боварии комил дар он ширкат варзиданд. Натиҷаи заҳмату талошҳои устодону донишҷўён зимни натиҷагирии аъзои ҳакамони озмун маълум гардид.
Дар ин озмун аз рӯйи номиннатсияи хондан ва азёд намудани осори адибони классики тоҷик донишҷӯйи соли дуюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик Тағаймуродиён Шоҳрухи Рустам ба гирифтани ҷойи сеюм,
Астанаев Азамат -донишҷӯйи курси чоруми факултети филологияи тоҷик, аз рӯйи номиннатсияи хондан ва азёд намудани осори адибони муосири тоҷик сазовори ҷойи дуюм,
Раҳматова Райҳона, омӯзгори кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик, аз рӯйи номинатсияи эҷоди наср сазовори ҷойи дуюм,
Билоли Ҳикматулло, омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ, аз рӯйи номиннатсияи хондан ва азёд намудани осори адибони классики тоҷику форс сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Инчунин Азимзода Маъмура,хонандаи синфи шашуми литсейи назди донишгоҳ, аз рӯйи номиннатсияи хондан ва азёд намудани адабиёти наврасон ва кӯдакон ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ сазовор гардид.
Ин муваффақияти ғолибони озмунро Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои молию Ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки бо ташаббусу ибтикор ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави суханвару эҷодкор ва тақвияти неруи зеҳнии наврасону ҷавонон ва сокинони кишварамон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дар сатҳи баланд ва бо иштироки зиёди довталабон ташкилу баргузор карда мешаванд.