Талаботи ҷомеа ба иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳама марҳилаҳои таърихи ҳаёти инсоният бештар будааст. Аз ин рӯ, бо пайдо шудани аввалин тамаддунҳо шаклҳои мухталифи дастрасӣ ва паҳн кардани маълумот, бахусус иттилооти ҳуқуқӣ низ истифода мешуд.
Воситаҳои ахбори омма ҳамчун ниҳоди бузурги сиёсӣ ва иттилоотӣ дар замони муосир ба дарки олами иҳоташуда, қонунияту фарзияҳои табиӣ, маърифату дарки ҳодисаву рӯйдодҳои аҳаммияти иҷтимоидошта, падидаву зуҳуроти мусбату манфӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт нақши арзишманд дорад. Дар шароити мураккабу печидаи вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳон кишварҳо барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва сиёсати худ аз ВАО васеъ истифода менамоянд. Вазифаи ВАО-ро дар кишвари соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст зикр намудааст: Воситаҳои ахбори омма бояд ба баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳо ва фарҳанги миллии асили Тоҷикистон мусоидат кунанд. Вазифаи геопалитикии фазои иттилоотӣ аз тариқи бунёди захираҳои иттилоотӣ аҳаммияти захираҳои дигар (табиӣ, инсонӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, тиҷоратӣ)-ро тағйир дода, фазои нави муносибатҳои геопалитикиро эҷод мекунад.
Ҳамарӯза тавассути ВАО иттилоти зиёде ба ҷомеа интиқол меёбад, ки дар миёни он иттилооти ҳуқуқӣ ҷойгоҳи хоссае дорад. Таваҷҷуҳи истеъмолгарон низ ба чунин навъи иттилоот хеле зиёд аст. Зеро дар меҳвари он ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон қарор дорад. Кормандони ВАО дар низоми нақшаи таҳия ва пахши маводу барномаҳо доир ба иттилооти ҳуқуқӣ диққати махсус зоҳир мекунанд. Ташкили рубрикаҳои доимӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва гузоришу барномаҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ дар матбуоти даврӣ ва радиову телевизион ва сомонаҳои иҷтимоӣ гувоҳи он аст, ки ниёз ба иттилооти ҳуқуқӣ зиёд аст. Матлабу барномаҳоро натанҳо худи журналистон, балки мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеашиносону таърихнигорон ва дигар шаҳрвандон омодаву пешниҳоди ҷомеа менамоянд.
Тибқи қонунгузорӣ ҳамаи шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, нажоду миллат, ҷинс, мавқеи иҷтимоӣ, шуғлу касб ва амсоли ин ба ВАО ва иттилоот дастрасии баробар доранд. Шаҳрвандон метавонанд андешаҳои худро, ки агар хилофи талаботи қонунгузорӣ набошад, озодона дар ВАО интишор намоянд. Ин ҳуқуқҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар ҳалли мушкилоти ҷомеа фикру мулоҳизоти худро баён намуда, ба ин васила дар рушди маърифати ҳуқуқии онҳо саҳм гузоранд. ВАО ягона воситае мебошад, ки дар кутоҳтарин муҳлат ба шуури ҷомеа ва рушди тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон таъсиргузорӣ намояд. Чунин ҳуқуқро, пеш аз ҳама ба ҳар кадоми мо Конститутсия фароҳам овардааст. Дар моддаи 30 Конститутсия зикр шудааст, ки: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад”. Конститутсия сарчашмаи тамоми қонунҳо ба ҳисоб рафта, ба шаҳрвандон ҷиҳати дастрасии иттилоот имкониятҳои ҳуқуқиро муқаррар кардааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ баъди Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ВАО-и кишвар ва танзими фаъолияти кормандони он таваҷҷуҳи зиёде зоҳир намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, барномаву Консепсияҳои давлатиро қабул намуд, ки имрӯз онҳо мавриди амал қарор доранд. Қабули чунин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои танзими фаъолияти ВАО дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табъу нашр”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолият” ва ғайра қабул гардидаанд. Ҳамчунин дар “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон”, “Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қисми якум), “Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қисми дуюм), “Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нисбати дастрасӣ, коркард ва паҳн намудани иттилоот тавассути ВАО зикр шудааст. Санадҳои дигари ҳуқуқӣ, аз қабили “Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма”, “Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №7 аз 23 декабри соли 2011 “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ”, “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010-2025”, “Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015”, “Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Қоидаҳои баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ” низ ба таъмини озодонаи фаъолияти ВАО ва дастрасии иттилоот мусоидат мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Уфуқҳои Истиқлол” дар баробари дигар бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ ба фаъолияти ВАО таваҷҷуҳ намуда, таъкид кардааст, ки: “Барои самаранок гардидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма мо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, “Дар бораи иттилоот”, “Дар бораи табъу нашр”, “Дар бораи иттилоотонӣ”, “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи реклама”-ро қабул намудем, ки ҳар кадоми он дар рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим мусоидат намуд.
Дарвоқеъ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба сифати барномаи мушаххаси давлатӣ ба рушду густариши бахшу соҳаҳо ва танзими ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Таъмини волоияти қонун ва тартибу низоми ҷамъиятӣ ба мисли дигар масъалаҳои муҳимми давлатӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати механизми татбиқи онҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад. Аз ин рӯ, омили асосии таъмини волоияти қонун, пеш аз ҳама ба ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагӣ дорад, ки яке аз унсурҳои асосии он ба фаъолияти кормандони ВАО вобастагӣ дорад.
Қайд намудан зарур аст, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши хоссае дорад. Кормандони ВАО низ вазифадор ҳастанд, ки дар фаъолитяи кории худ дар баробари санадҳои меъёриву ҳуқуқии қабулшудаи соҳа, бандҳои дигари Конститутсияро шарҳу тавзеҳ дода, худ низ онҳоро риоя намоянд.
Дарвоқеъ, татбиқи сиёсати давлатӣ, амалӣ гардидани тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон маҳз тавассути ВАО амалӣ мегардад. Лоиҳаи матни тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории кишвар, бахусус Конститутсия ворид мешаванд, тавассути ВАО интишор ва шарҳу тавзеҳ меёбанд. Аз ин рӯ, ВАО-ро рукни чоруми ҷомеа низ ном мебаранд. Ҳарчанд ин шинохт ва баҳогузорӣ дар доираи қонунҳо мушаххас нашуда бошад ҳам, бидуни нашру пахши дилхоҳ санади меъёриву ҳуқуқӣ дар ВАО он ҳукми қонунӣ намегирад. Ин муносибат аз мавқеи хосса доштани ВАО дар ҷомеа дарак медиҳад.
Рушду пешрафти тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ, пеш аз ҳама, аз сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияту касбияти шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дарвоқеъ, бе рушди маърифати ҳуқуқӣ, риояи нашудани талаботи қонунгузориҳо ва дарки амиқи моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон номумкин аст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ зикр намуда буданд, ки: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш тадбиқ намудани он ба миён омадааст».
Шаҳрвандон, новобаста ба мавқеи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ дар ҳаёт ва фаъолияти худ борҳо бо масъалаҳои ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Агар қисме аз ин маълумотҳоро тавассути ҳуқуқшиносон дастрас намоянд, гурӯҳе ба ВАО муроҷиат менамоянд. Дар ҳама маврид ВАО дастрастарин объекти иттилооти ҳуқуқӣ дониста мешавад, зеро дар бастаҳои матбуоти даврӣ сомонаҳои онҳо метавон маълумоти зарурии ҳуқуқиро дастрас кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Пешвои миллат зикр доштанд, ки: Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Дар доираи ин иқдоми наҷибу зарурӣ дар тамоми Вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, дар доираи он бо аҳолӣ пайваста суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда истодаанд, ки ин ҳама тадбирҳо ба рушди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад. ВАО пайваста аз рафти чорабиниҳои баргузоршуда низ хабару гузориш ва маводи гуногунро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва барномаҳои радиоиву телевизионӣ маълумот пахшу интишор менамояд, ки аз онҳо аҳолии кишвар васеъ истифода менамоянд. Маърифати ҳуқуқӣ қисми асосӣ ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа буда, ба таҳкими робитаҳои ҳуқуқӣ замина мегузорад. Донишҳои ҳуқуқӣ тавассути равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Маърифати ҳуқуқӣ аз дигар донишҳо ба куллӣ фарқ мекунад, зеро асоси онро маҷмӯи хосси ҷузъи моддӣ ва маънавӣ фаро мегирад.
Ҳамарӯза тавассути ВАО иттилооти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷомеа пешниҳод мегардад. Нақши ВАО дар рушди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон назаррас мебошад. Истифодабарандагони ВАО маҳз ба воситаи ВАО имкон пайдо мекунанд, ки аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, ба тасвиб расидани қонунҳои нав, тағйироту иловаҳо ба сандаҳои меъёриву ҳуқуқии қабулшуда огоҳӣ ёбанд. Дарвоқеъ, нақши ВАО дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон назаррас мебошад.
Шарипов С.И., омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав