Имрӯз, 27 – уми ноябри соли 2024 дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ҷаласаи навбатии маҳфили илмии “Дунёи сиёсат”- и назди кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид.
Дар маҳфили илмии “Дунёи сиёсат” декани факултет, дотсент Қодирзода Б.Б., профессор Саидов А.С., роҳбари маҳфил Сафарзода Ҷ. ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал роҳбари маҳфил омӯзгор Сафарзода Ҷ. рӯзномаи ҷаласаро ба ҳозирин шинос намуд. Сипас, декани факултет дотсент Қодирзода Б.Б. баромад намуда, иброз намуд, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ дар баланд бардоштани дониши назариявии донишҷӯён саҳми муносиб хоҳад гузошт.
Ҳамчунин мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ профессор Саидов А.С. суханронӣ намуда, зарурияти баргузории мавзуҳои матраҳшавандаро муҳим шуморид.
Дар идома тибқи рӯзномаи ҷаласаи маҳфил донишҷӯён Саидзода Амриддин дар мавзуи “Мақоми элитаи давлатӣ дар низоми идоракунӣ” ва Набиева Хушнуда дар мавзуи “Хусусиятҳои ташаккули сарварии сиёсӣ дар раванди оштии миллӣ” баромад намуданд.
Дар охир иштирокчиён фикру андешаҳои худро роҷеъ ба мавзуҳои ироагардида баён намуданд.