Имрӯз, 27 – уми ноябри соли 2024 форуми байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, ректорони донишгоҳҳои кишвар, аз ҷумла ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дар ин форум иштирок доранд.
Дар қисмати дуюми форуми мазкур, ки дар ду бахш баргузор гардид, ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус бо мавзуҳои мухталиф баромад намуданд. Дар даври дуюми ин форум бо иштироки ректори ДДБ ба Номи Носири Хусрав Қурбонзода Махмадалӣ Раҳмат ва ректори Донишгоҳи давлатии Поленскии Ҷумҳурии Беларус Дунай Валери Иванович шартномаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла табодули донишҷӯён, табодули таҷрибаи омӯзгорӣ, ба роҳ мондани барномаҳои муштараки таълимӣ, дар самти илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, омода намудани аспирантону магистрантон ва дигар масъалаҳо шартномаи дуҷониба баста шуд.