27 ноябри соли равон дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурӯғ”- и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мусобиқаи варзиши дар намуди волейбол бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, кормандони Кумитаи иҷроия ва устодону донишҷуён иштирок намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки мусобиқаи варзиши дар намуди волейбол байни 14 дастаҳои ҷавондухтарони факултетҳои донишгоҳ баргузор карда шуд, ки дар он дастаи ҷавондухтарони факултети физика ғолиби ҷойи якум ва ҷоми мусобиқа гардиданд. Ҷойи дуюмро дастаи факултети педагогика ва варзиш, ҷойи сеюмро факултетҳои филологияи тоҷик ва забони ангисӣ ишғол намуданд.
Ба дастаҳои ғолиб ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, диплом ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.