Тибқи нақшаи баргузории дарсҳои намунавии кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси намунавии факултативии омӯзгори кафедраи мазкур Иззатуллоева Дилбар дар гурӯҳи 404-и ихтисоси рӯзноманигорӣ (аз рӯйи самтҳо), шакли машғулият КМРО (кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор) аз фанни “Инъикоси масъалаҳои фарҳанг дар ВАО” дар мавзуи “Аз таърихи рушди санъати хореографии тоҷик” гузаронида шуд.
Дар машғулияти таълимӣ мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент Шарифов Сангимурод, муовини декани факултети филологияи тоҷик Собиров Лоиқ, омӯзгорони кафедраи рӯзноманигорӣ Раҳматова Райҳона, Назаров Умед, омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик Умарҷони Мирзошариф, омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ Мирзомуродов Саидумар, омӯзгори кафедраи фаъолити бонкии факултети молиявию иқтисодӣ, Билоли Ҳикматулло иштирок намуданд.
Дар дарс донишҷӯён вобаста ба мавзуи машғулияти таълимӣ фаъол буданд, ки ин аз маҳорати хуби омӯзгории устод дарак медод.
Дар охир омӯзгорон барои беҳтар гузаронидани дарс, тавсияҳои методӣ низ ба омӯзгори ҷавон доданд.