Имрӯз, 30 – юми ноябри соли 2024 дар толори шурои олимони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи ҳисоботи солонаи шуроҳои диссертатсионии 6D.КОА-048 ва 6D.КАО – 061 – и назди донишгоҳ дар назди намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир гардид.
Дар ҷаласаи ҳисоботии шуроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ, намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Мавзуна, Холмуродзода Фазлиддин, Убайдзода Азиза, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафарбекзода Ҳукмиддин, сардори раёсати илм ва инноватсия Нориён Ф., раисони шуроҳо профессорон Сатторов А.Э., Комилӣ А.Ш., деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳои равияи табиию риёзӣ ва дақиқ иштирок намуданд.
Нахуст, ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафарбекзода Ҳукмуддин оғоз наиуда, ҳисоботи раисони шуроҳо шунида шуд. Сипас, сухан ба намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримова Мавзуна дода шуд.
Дар идома, раиси шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 профессор Сатторов А.Э., баромад намуда, изҳор дошт, ки дар соли 2024 фаъолияти шуро назаррас буда, дар асоси низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст. Ҳамчунин, ҳисоботи раиси шурои диссертатсионии 6D.КАО – 061, профессор Комилӣ А.Ш., дар назди ҳозирин шунида шуд.
Пас аз шунидан, намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи шуроҳои диссертатсионии назди донишгоҳро қаноатбахш ҳисобиданд.