Варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ ва василаи солимии ҷомеа буда, омили пешрафти кишварҳо мебошад.
Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи мазкур ва ҷалби сокинон ба тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Дар доираи тадбирандешиҳо дар ин самт аз 26-уми ноябр то 1- уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҳисоби донишҷӯёни болаёқат фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи
аввал, Ҷоми мусобиқа ва туҳфаҳои таъсисдодашудаи тадарукот гардиданд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби футболбозони Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии сиёсат, ҳуқуқ ва бизнеси шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав ба зинаи ниҳоӣ баромада миёни ҳам сабқат намуданд.
Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯён барои сазовор гардидани ҷойи аввал дастаи мунтахаби футболбозони донишгоҳро самимона шодбош гуфта, барояшон комёбиҳо орзумандем.
Чунин ғолибият мудовим ва поянда бод!