Имрӯз, 4 –уми декабри соли 2024 дар кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими мукофотсупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Дар маросими тантанвӣ роҳбарони муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, устодону донишҷӯён, кормандони фарҳангӣ вилоят даъват шуда буданд.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид баромад намуда қайд дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу ҳунар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, тавассути баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат”, наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд тарбия меёбанд, ки василаи муҳими муаррифии ҳунари асили тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар тӯли шаш соли баргузории даврҳои гуногуни озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо нафар дӯстдорони санъату ҳунар ба камол расида, ба саҳнаҳои калони ҳунарӣ роҳ ёфта истодаанд.
Дар вилояти Хатлон барои дастгирии ғолибону устодони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, дар маҷмӯъ 1 млн. 572 ҳазору 875 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 375 375 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар идома раиси вилоят таъкид намуданд, ки нишондодҳои озмунҳои мазкур роҳбарони шаҳру ноҳия, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорони Раёсату шуъбаҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, мудирони шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, фаъолони ҷамъиятӣ, китобдорон, омӯзгорон, падаронумодаронро водор менамояд, ки корҳои тарғиботивуташвиқотӣ ва ҳавасмандкуниро дар маҳалҳо пурзӯрнамуда, барои насли ҷавон шароити мусоиди илмомузӣ ва рушди санъати ҳунариро фароҳам созанд.
Раиси вилояти Хатлон вобаста ба заҳмату талош ва ҳавасмандии тамоми иштирокчиёни озмун таваҷҷуҳи минбаъдаи онҳо чунин пешниҳод намуд: “Пешниҳод менамоям, ки бо мақсади тақвияти сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон дар вилояти Хатлон соли 2025 – “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон карда шавад”.
Дар идома чорабинии фарҳангӣ, ки асосан аз муаррифии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” иборат буд, пешкаши ҳозирин гардид.