Имрӯз, 5 – уми декабри соли 2024 дар факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Файласуфони ҷавон” баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи фалсафа, дотсент Субҳонзода С.И., Пиров А., Абдуллоева М., Ҳамидова Д., роҳбари маҳфили илмӣ, омӯзгор Каримов С.Н. ва дигар устодону донишҷӯён шитирок намуданд.
Нахуст, роҳбари мафил Каримов С.Н. ҳозирнро бо рӯзномаи маҳфил ошно намуда баромадкунандагоро муаррифи кард.
Пас аз муаррифию баромади Завқиева Муниса дар мавзуи “Фалсафаи дунёи қадим” шунида шуд.
Инчунин донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ гурӯҳи шакли таҳсил бо забони англисӣ Алиева Муниса дар мавзуи ” Насиҳати Афлотун ва Арасту дар асари ахлоқи носирӣ” таҳти роҳбарии омӯзгор Сангова Ҳ. бо забони англисӣ омода гардида буд, маърӯза намуд.
Дар идома гуфта шуд, ки фалсафа натанҳо илмӣ мустақил буда, он як рукни асосии калидмеҳварии илмҳои дигар ба ҳисоб меравад.
Дар охир иштирокчиён вобаста ба мавзуҳои матраҳгардида дар мафҳилҳои баъдаи андешаю пешниҳодҳо худро баён намуданд.