Дар факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Минбари ҳуқуқшинос” -и назди кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил омӯзгорон Назаров З.А., Абдураҳимов С.Қ., Аминҷонов А. Х. ва дигар донишҷӯёну устодон иштирок доштанд.
Сипас, роҳбари маҳфил Назаров З.А. иштирокчиёнро барои ироа намудани маърӯзаҳо шинос карда ва баргузор шудани чунин маҳфилу чорабиниҳои ҳуқуқиро хуб арзёбӣ карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки баргузории маҳфилҳои марбут ба илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба манфиати кор буда, дар самти коҳиш ёфтани ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандон ва ҷавонон хизмат мерасонанд.
Дар маҳфили илмӣ донишҷӯён Умаров Р. дар мавзуи “Шахсони ҳуқуқӣ дар Кодекси мадании ҶумҳурииТоҷикистон” ва Алимова М. дар мавзуи “Ҳуқуқ ба ҳаёт”
маърӯзаҳои хешро қироат намуданд.
Дар фарҷоми маҳфил як қатор пешниҳоду тавсияҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба шунида шуд.