Имрӯз, 10 – уми декабри соли ҷорӣ дар асоси нақша- чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Саидов А.С. дар гурӯҳҳои 201-202-и ихтисоси химия ва биология дар мавзуи “Шуури сиёсӣ ва хусусиятҳои асосии он” гузаронида шуд.
Дар дарси кушод омӯзгорон, аспирантону доктарантони факултетҳои донишгоҳ низ иштирок намуданд.
Омӯзгор Саидов А.С. дарсро бо маҳорати баланди педагогӣ гузашта мавзуро ба таври васеъ ба донишҷӯён фаҳмонида, аз Смарт – Экран низ истифода намуд. Зеро, ки истифодаи технологияи навин дар ҷараёни дарс аз лиҳози фаъол намудани донишҷӯён ва истифодаи аснодҳои илмӣ ба манфиати донишҷӯён хоҳад буд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ Саидов А.С. ба муҳокима гузашта мавзуъро ба таври пурра ва мафҳумҳои илмии ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ доданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша- чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ дарсҳои кушод ва намунавӣ мунтазам идома меёбанд.