Имрӯз, 10-уми декабри соли равон дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмун таҳти унвони “Пиряхҳо манбаи асосии оби ширин дар сайёра” миёни донишҷӯёни факултети мазкур гузаронида шуд.
Ин озмун дар асоси нақша- чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” роҳандозӣ карда шуд.
Донишҷӯён тибқи муқаррароти озмун расми беҳтарин ва мақолаи беҳтарин омода карда, пешкаши аъзои ҳакамон намуданд.
Дар мусаввараҳои пешниҳодгардида, ҳифзи пиряхҳо, тоза нигоҳ доштани оби нушокӣ, эҳтиром намудани набототу ҳайвонот, экосистемаи сайёра таҷассум ёфта буданд.
Дар мақолаҳои таълифнамудаи донишҷӯёни довталаби озмун, асосан ҳолати кунунии сайёра, нигоҳ доштани манбаи обии Тоҷикистон, бахусус пиряхҳо зикр шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Раёсати донишгоҳ дар асоси нақша- чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабиниҳоро мунтазам баргузор менамоянд, ки ин тадбирҳо ба баланд гардидани эҳсоси ватандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносии ҷавонон мусоидат мекунад.