Имрӯз, 11-уми декабри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба 30 – солагии ҲХДТ ҷамъомад баргузор гардид, ки дар баробари роҳбарони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ, ташкилоту муассисаҳои шаҳриву вилоятӣ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иштирок намуданд.
Нотиқону иштирокчиёни чорабинӣ, бахусус раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид Мубин, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, муовинони раиси шаҳр, собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонону бонувони фаъол аз фаъолияти гуногунҷабҳаи ҲХДТ ёдовар шуданд.
Зимни баромад гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тули 30 соли таъсисёбӣ ба рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми созгор гузоштааст.
Дар охири ҷамъомад якқатор фаъолони ҲХДТ, аз ҷумла ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода М.Р. бо “Сипоснома” қадршиносӣ гардид.