Ман, ҳамчун омӯзгор ва модари хонандагони синфи 6 ва 3, аз ташаббуси наҷиби раиси вилояти Хатлон, ки соли 2025-ро Соли фарҳанги китобхонӣ эълон намуданд, самимона истиқбол менамоям.
Китоб муҳимтарин сарчашмаи дониш ва хиради инсонӣ буда, дар ташаккули маънавият, ахлоқ ва ҷаҳонбинии насли наврас нақши калидӣ мебозад. Имрӯз, дар шароите ки технологияи рақамӣ беш аз пеш диққати ҷавононро ба худ ҷалб мекунад, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ҳамчун як василаи рушди шахсият аҳамияти ниҳоят баланд дорад.
Ҳамчун омӯзгор, ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки муҳаббат ба китобро дар қалби шогирдон бедор созам, ва ҳамчун модар фарзанди худро ба китобхонӣ ташвиқ менамоям. Ин Иқдоми раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба гузаронидани даври аввали санҷиши хондани китобҳои бадеӣ аз тарафи хонандагон бо иштироки падару модарон на танҳо ба насли наврас, балки ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа имконият медиҳад, ки ба воситаи китоб донандагии худро афзоиш диҳанд ва барои рушди фарҳангӣ саҳм гузоранд.
Мо, омӯзгорон ва волидон, масъул ҳастем, ки муҳити мусоиди китобхониро барои кӯдакон фароҳам оварда, онҳоро ба қадр кардани арзишҳои маънавӣ ва илмию фарҳангӣ ҳидоят кунем. Бовар дорам, ки соли 2025 ҳамчун Соли фарҳанги китобхонӣ ба эҳёи анъанаҳои неки хониш ва таҳкими донишмандии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Зувайдуллозода Ганҷина Холмурод омӯзгор ва модари хонандагони синфи 6-и литсейи тамоюли технологии шаҳри Бохтар ва синфи 3-и литсейи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав.