Имрӯз, дар шаҳри Душанбе Дуюмин Бозии кории судии миллӣ аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар доираи лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” баргузор карда шуд.
Дар озмун дастаҳо аз 6 макотиби олии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлати Данғара ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ширкат варзиданд.
Озмуни мазкур бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур Донишгоҳи давлатии Бохтарро 10 нафар донишҷӯёни факултети сиёсат ва идораи давлатӣ таҳти роҳбарии устодони факултет – Муҳидинов А.ва Шоев А. муаррифӣ намуданд.
Дар ин озмун донишҷӯёни мо бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба сифати тарафи айбдоркунанда дар мурофиаи судӣ ва рақибон ба ҳайси тарафи ҳимоя рақобат намуданд.
Ҳамзамон, аъзоёни дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар рафти озмун ширкати фаъолона доштанд, бо Сертификат ва дигар туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардиданд.
Хотирнишон менамоем, ки дар озмуни мазкур барои донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав бори авввал иштирок намуда аз худ маҳорати баланд нишон доданд.