Имрӯз, 13 – уми декабри соли 2024 дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ – назариявии байналмилалӣ дар мавзуи “Мақоми Мавлонои Балхӣ дар фарҳангу адаби милливу умумибашарӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсияи байналмилалӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, достент Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Фатҳуллоев Икром, сардори раёсати илм ва инноватсия Нориён Фирдавс ва ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамзамон муҳаққиқони ватанӣ, аз ҷумла олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва муҳаққиқону мавлоношиносони хориҷӣ, аз ҷумла Қара Исмоилғулу аз Туркия, Шаҳбоз Муҳсинӣ аз Эрон, Саидризо Муҳаммадӣ аз Британияи Кабир ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Сипас, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Абдураҳимзода Қудратулло Саид дар мавзуи “Масъалаи мақоми инсон, инсонпарварӣ ва башардӯстӣ дар асари “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ” маърӯза намуд.
Инчунин мавлоношиносони донишгоҳҳои кишвар, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мисбоҳиддини Нарзиқул, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, Султонзода Тоҷибой Султонӣ ва доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара, Саидҷаъфаров Озод Шоҳвалиевич дар мавзуҳои марбут ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва осори пурмуҳтавои ӯ маърӯзаҳо намуданд.
Тибқи нақшаи баргузории конференсияи байналмилалӣ кори конфронс дар бахши илмҳои филологӣ ва бахши илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ сурат гирифт.
Дар идомаи рӯз кор дар дигар бахшҳо идома дорад.
Ёдвар мешавам, ки донишгоҳ чунин конференсияҳо байналмиллалиро тибқи нақша- чорабиниҳо пайваста баргузор менамояд.