Имрӯз, 14 – уми декабри соли 2024 дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар дар мавзуи “21 – уми март рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” дар доираи ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар декани факултет н.и.к. Раупов Ҷ.У., н.и.г. Қувватов Ф.М., н.и.п. Зарифов Ҳ.Ғ. ва устодону донишҷӯёни факултет иштироку суханронӣ намуданд.
Декани факултет н.и.к. Раупов Ҷ.У. зимни суханронӣ қайд кард, ки ҳифзи пиряхҳо, пеш аз ҳама ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои сарвари давлат аҳаммияти байналмилалӣ дорад.
Ташкилу баргузории чунин мизҳои мудаввар барои боз ҳам хубтар омӯхтан сабабу омилҳои обшавии пиряхҳо ва ташаккули донишу ҷаҳонбинии ҷавонон мусоидат мекунад.
Дар идомаи мизи мудаввар нотиқон роҷеъ ба “Аҳаммияти ташаббусҳо ва зарурати он” ва “Тағйирёбии иқлим обшавии пиряхҳо ва роҳҳои пешгирии он” дар ин мавзуҳо баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки таъғирёбии иқлим ва об шудани пиряхҳо омилҳои экологӣ дошта барои ҳифзу нигаҳдории муътадили иқлим ба инсон таъсири амиқ мерасонад.
Дар мизи мудаввар вобаста ба мавзуъҳои зикргардида миёни иштирокчиён табодули афкор гардид.