Дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет Ятимов П.М., муовини декан оид ба илм ва инноватсия Пиров Ғ.З. ва устодону донишҷӯёни факултети иштироки фаъолона намуданд.
Нахуст, декани факултет Ятимов Парвиз ҳозиринро ба мизи мудаввар шод бош намуда, ёдовар гардид, ки ҳифзи пиряхҳо бевосита ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба СММ мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки вобаста ба пешниҳоди сарвари давлат чунин мизҳои мудаввар ва озмунҳоро роҳандозӣ намоем, то ин ки насли ояндаи миллат барои ҳифзи табиати Тоҷикистон саҳми худро дареғ надоранд.
Дар охир устодон ва донишҷӯёни факултет маърӯзаҳои худро роҷеъ ба ҳифзи пиряхҳо худро ироа намуданд.