Имрӯз, 16-уми декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи назоратии назди ректори донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, муовинон, деканони факултет, сардорони марказу бахшҳо ва дигар аъзои раёсат иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи назоратӣ оид ба масъалаи раванди таълим муовини ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд ҳисобот доданд. Номбурда зикр дошт, ки устодони донишгоҳ барои пешбурди фаъолити таълимӣ масъулияти зиёд эҳсос намуда, машғулиятҳоро тибқи усулҳои фаъоли таълим мегузаранд. Дар идомаи суханронӣ муовини ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Х. ҷиҳати омодагӣ ба фасли зимистони соли 2024-2025, бехатарии ҳолати зидисӯхтории синфхонаҳоиттаълимӣ, утоқҳои корӣ ва оғози дарсҳои фосилавӣ низ маълумот доданд.
Cипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафарбекзода Ҳукмиддин роҷеъ ба пешбурди раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодони донишгоҳ ва нашри маводҳо дар ин давра ҳисобот доданд. Номбурда зикр намуданд, ки дар ин давра устодони донишгоҳ дар конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва умумидонишгоҳӣ фаъолона ширкат намуда, дар ташкили ҳамоишҳо низ саҳмгузор буданд.
Дар донишгоҳ баҳри татбиқи раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Кибориён Бобоҷон, муовини ректор оид ба иқтисод вобаста ба пардохти шартномаи таҳсили донишҷӯён ва харидории таҷҳизот ҳисобот доданд. Номбурда қайд доштанд, ки дар ин давра хобгоҳи донишҷӯён аз таъмири хушсифат бароварда шуда, шароити арзандаи кору таҳсил дар донишгоҳ муҳайё карда шудааст.
Дар охири ҷаласаи назоратӣ Ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода М.Р. ба муовинон, деканони факултет, сардорони раёсату бахшҳо ҷиҳати иҷрои корҳо дастуру супоришҳо доданд.