Санаи 17-уми декабри соли ҷорӣ дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъбасти таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ Ҳасанов Шуҳрат, роҳбари таҷрибаомӯзии педагогӣ Холматов Саид, декани факултет, Ҳакимов Саъдулло, мудири кафедраи методикаи таълими забони тоҷикӣ Муродов Алишер, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Шарифов Сангимурод, мушовирони фаннӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Декани факултет Ҳакимов С. баромад намуда, иброз дошт, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ мутахассисони оянда имкон доранд, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.
Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ Ҳасанов Шуҳрат зимни баромади хеш ёдовар гардид, ки маҳз дар таҷрибаомӯзӣ мутахассисони оянда зинаҳои аввали фаъолияти омӯзгории хешро дар истеҳсолот амалӣ намуда, касбияти хешро дар воқеият таҳким мебахшанд.
Дар идома, донишҷӯён маҳсули дарсҳои намунавии худро, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар гузашта буданд ба намоиш гузоштанд.
Ҳайати устодон пас аз дидани намоишгоҳ аз рафти ҳуҷҷатгузории донишҷӯён ва дигар комёбиҳои донишҷӯён дидан намуда, дар ҷаласа ба омӯзгорони ояндаи ҷавон тавсияҳои судманди илмию методӣ доданд.