Санаи 18-уми декабри соли ҷорӣ дар кафедраи типологияи забони англисии факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди омӯзгори факултет Кабиров Лутфулло доир гардид.
Дар дарси кушод, дотсентон Олматова Шаҳло, Мадисозода Илҳом, Муродова Зебо ва дигар устодон иштирок намуданд.
Омӯзгор Кабиров Л. машғулиятро
дар ихтисосҳои забони англисӣ. Забон ва адабиёти рус аз фанни “Таҳлили луғавии матн” дар мавзуи “Word building in English and Tajik languages” дар шакли маърӯзавӣ гузаронида шуд.
Омӯзгор машғулиятро бо роҳу усулҳои фаъоли таълим, ҳавасмандӣ ва истифодаи технологияи муосир аз қабили Смарт – экран ба роҳ монд.
Инчунин мисолҳои англисиро дар муқоиса ба забони тоҷикӣ васеъ истифода намуд.
Дар охир донишҷӯён аз истилоҳоти англисӣ дар муқоиса бо забони тоҷикӣ маълумоти қонеъкунанда гирифтанд.